Муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон ба дуздии пулҳои хайрия айбдор шуд
Муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон Дилшод Ҳошимов бо пас аз гумонбар шудан дар доираи як парвандаи ҷиноятҳои иқтисодӣ 18 март аз мақом барканор шуд.
Ҳошимов корманди пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аст. Президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов соли 2015 ӯро бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ карда буд.
Ҳошимов моҳи августи соли 2018 муовини раиси Идораи мусулмонони Узбекистон дар умури вақф таъйин шуд.
Ба гуфтаи ду манбаъ дар Идораи мусулмонон ва Кумитаи дини Узбекистон, Ҳошимов дар дуздии амволи бунёди хайрияи "Вақф"-и ин кишвар ва "сӯистифода аз мақом" айбдор мешавад.
Бунёди хайрияи "Вақф" бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2018 таъсис ёфт. Пулҳое, ки барои сохтмону бозсозии масҷид ва иншооти дигар ҷудо мешаванд, дар ихтиёри ин бунёд қарор доранд.