Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯҳои марзиро моҳи апрел идома медиҳанд. ВИДЕО
Интизор меравад, рӯзҳои 4-5 апрел мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба таъйин ва аломатгузории хати марз дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол, шуъбаи иттилооти дастгоҳи президенти Қирғизистон назари муовини сарвазири ин кишвар Жениш Разоқовро нашр кардааст, ки ҳайати Бишкекро дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Душанбе раҳбарӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои баҳсии Қирғизистону Тоҷикистон пайваста низоъ сар мезанад ва бинобар ин мақомоти ду кишвар пешниҳод кардаанд, ки комисияи муштаракеро ба раҳбарии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон таъсис диҳанд. Ҳамчунин марзбонони қирғизу тоҷик бо ҳам кӯчаҳоеро назорат хоҳанд кард, ки шаҳрвандони ду кишвар дар онҳо равуо мекунанд.
"Хабареро хондам, ки гӯиё барои бунёди роҳи "Исфара-Ворух" иҷозат дода шудааст. Бояд донист, ки Исфара аввали роҳ ва Ворух охири роҳ аст. Дар ин миён роҳи мазкур аз ҳудуди Қирғизистон се бор мегузарад. Соли 2014 протоколе имзо шудааст, ки бар асоси он роҳи иловагӣ сохта мешавад ва он деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодкандро давр хоҳад зад. Дар ҳоли ҳозир роҳи асосӣ аз деҳаи мазкур мегузарад ва роҳи дувум берун аз деҳа, дар ҷое, ки хонаҳо нестанд, бунёд мешавад. Ин роҳ мустақил нест ва дар бораи ҷудо шудани кадом як коридоре низ суҳбат нашудааст. Танҳо ин як роҳи иловагие аст, ки ҳам шаҳрвандони Қирғизистон ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон аз он метавонанд истифода кунанд. Яъне, ду гузина аст. Як роҳ аз деҳаи Оқсой ва роҳи дувум берун аз он мегузаранд", - изҳор доштааст Разоқов.
Ба гуфтаи ӯ, минтақае, ки дар он роҳ бунёд мешавад, ҳудуди Қирғизистон аст. Разоқов мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар бунёди роҳ кумак кунад, вале ба далели он ки роҳ дар ҳудуди Қирғизистон аст, Бишкек тасмим гирифтааст, ки онро худ бунёд кунад.
13 март дар байни сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ва Меҳнатободи Тоҷикистон низоъ сар зад. Ба ин низоъ бунёди роҳи Оқсой-Тамдиқи ноҳияи Бодканд сабаб шуд, ки аз минтақаи баҳсӣ мегузарад. Дар натиҷаи задухӯрд ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд. 15 март вазъ дар марз дубора ба эътидол омад ва рӯзи 18 март дар пайи гуфтугӯи мақомоти ду кишвар роҳҳо низ дубора боз шуданд.