Вазири умури дохилии Ёқутистон аз санҷиши сартосарии муҳоҷирон хабар дод
Вазири умури дохилии Ёқутистон Владимир Прокопенко дар мулоқот бо намояндагони мақомоти Қирғизистон гуфт, ки дар кишвараш "санҷишҳои иловагии сартосарӣ"-и муҳоҷирони корӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба маълумоти Вазорати умури дохилии Ёқутистон, Прокопенко афзуд, ки дар асоси қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар бахши мусофирбарӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ санҷида мешавад.
Дар Ёқутистон 18 март сокинон бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ тазоҳурот карданд. Дар он раиси Ёқутистон Айсен Николаев, шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева ва мансабдорони баландпояи дигар иштирок доштанд. Мақомоти Ёқутистон ваъда доданд, ки қоидаҳои будубоши муҳоҷиронро дар минтақа пурзӯр хоҳанд кард.
Ба ин тазоҳурот хабари таҷовузи як сокини маҳаллӣ аз сӯи муҳоҷирон сабаб шуд. Ба гуфти Кумитаи тафтишотӣ Русия яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон буд. Ин ниҳод гуфт, кирӯзи 17 март се марди ношинос як занро иҷборан ба мошин шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Баъди чанде зан ба мақомот хабар дод, ки таҷовуз шудааст.
Вале раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия Ренат Каримов тазоҳуроти зидди муҳоҷиронро маҳкум кард. Ӯ гуфт, дар баробари миллатгароии русу украин миллатгароии ёқутистонӣ низ шакл мегирад.
"Куштору таҷовуз дар байни русу, тотор, ёқутиву қирғиз ва миллатҳои дигар низ ҳаст. Чаро бояд як ҷиноятро бар сари як гуруҳи муайяни муҳоҷирон бор кард?", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Znak.com.
Дар Ёқутистон пас аз тазоҳуроти 18 март ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфт. Аз ҷумла, ахиран ҳафт сокини маҳаллӣ ба як ронандаи автобус, ки муҳоҷир аст, ҳамла кардаанд.
Як гуруҳ аз мансабдорони Қирғизистон барои баррасии вазъ ба Ёқутистон рафтанд. Ба ҳайати гуруҳ муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Қирғизистон Самад Тоқтоболотов, мушовири сафорати ин кишвар дар Русия Достон Ниёзалиев ва раҳбари ҷамъияти қирғизҳо дар Русия Жазбек Бекболиев шомиланд.