Шавкат Мирзиёев бахшида ба Наврӯз 44 маҳбусро афв кард
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ҷашни Наврӯз фармони афви 44 маҳбусро имзо кард.
Бар пояи ин фармони Мирзиёев, ки 19 март имзо шуд, 7 маҳбус пурра ва 11 кас шартан озод шуда, ҷазои 12 тан сабук ва аз муҳлати ҳафбси 13 нафари дигар кам карда мешавад. Ҷамъан 30 нафар аз зиндон озод хоҳанд шуд.
Синни ду тани афвшудаҳо аз 60 боло буда, панҷ нафари онҳо занон буданд.
Дар миёни афвшудаҳо 23 нафар онҳое буданд, ки бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шудаанд.