Сӯхтор дар пойтахти Бангладеш ҷони 69 нафарро гирифт
Алӣ Аҳмад, раиси Идораи оташнишонии Бангладеш гуфтааст, зоҳиран балони гази моеъ сабаби сӯхторе шудааст, ки дар муддати кӯтоҳе ба биноҳои гирду атроф доман паҳн кардааст. Дар зери яке аз биноҳои истиқоматӣ дар ин маҳалла анбори балонҳои гази моеъ будааст ва шоҳидон гуфтаанд, ки ин балонҳо яке паси ҳам метаркид. Соли 2010 дар шаҳри Дака дар натиҷаи сӯхтор дар як анбори маводи кимиёвӣ 120 нафар ҳалок шуданд.