Дар Македонияи шимолӣ раиси порлумон ва 2 вазир боздошт шуданд
Трайко Веляновски, раиси собиқи порлумон, Спиро Ристовски, вазири собиқи маориф, Миле Янакиески, вазири собиқи нақлиётро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар ташкили ҳамлаи тарафдорони ҳукумати миллатгарои пешин ба бинои порлумон дар рӯзи 27-уми апрели соли 2017, кӯмак кардаанд.
Веляновски ҳанӯз ҳам раиси порлумон аст ва аз ҳаққи масуният бархӯрдор мебошад. Ӯ баъди раҳоӣ аз идораи пулис дар сӯҳбати кӯтоҳе бо хабарнигорон иттиҳомотро рад кард. Дар ҳамла ба порлумон, ки дар он афроди ниқобпӯш ҳам ширкат карданд, даҳҳо вакили мардумӣ, хабарнигор ва аз ҷумла Зоран Заев, раиси Ҳизби Сотсиал демократ маҷруҳ шуданд.