Нахустин бозии Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё бо Ҳиндустон
Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) барнома ва замони оғози бозиҳои мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020-ро дар гурӯҳи «F» бо ширкати дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд доир мегардад, тасдиқ кард.
Дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 ҳамагӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, иштирок мекунад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба гурӯҳи «F» шомил аст. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ аз 22-юм то 26-уми март дар пойтахти Узбекистон - шаҳри Тошканд - барпо мегардад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар нахустин бозиаш рӯзи ҷумъаи 22-юми март бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон рақобат менамояд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд соати 15:00 шуруъ мешавад.
Футболбозони тоҷик дар даври дуюм рӯзи якшанбеи 24-уми март бо тими Покистон бозӣ мекунанд. Ин дидор низ дар варзишгоҳи «Локомотив» соати 15:00 оғоз меёбад.
Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври сеюм рӯзи сешанбеи 26-уми март бо мунтахаби олимпии Узбекистон вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд соати 17:00 шуруъ мегардад.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони ёздаҳ гурӯҳ, инчунин чор дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд.
Агар мизбони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи аз рӯи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегирад.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Умон, Непал, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Узбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.
Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Мянмар (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.
Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Тайланд, Индонезия, Бруней.
Барномаи бозиҳои гурӯҳи «F»:
Даври 1-ум
22-юми март (ҷумъа)
15:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Узбекистон – Покистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 2-юм
24-уми март (якшанбе)
15:00 – Покистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Ҳиндустон – Узбекистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»
Даври 3-юм
26-уми март (сешанбе)
15:00 – Ҳиндустон – Покистон. Варзишгоҳи «Локомотив»
17:00 – Узбекистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Пахтакор»