Заминларзаи шадид Тоҷикистону Афғонистонро таккон дод
Рӯзи шанбе як заминларза Тоҷикистону Афғонистон ва Покистонро таккон дод. Сокинони Тоҷикистон хабар доданд, ки шиддати заминларза “хеле сахт буд” ва дар Душанбеву Хатлон ва Суғд эҳсос шуд.
Вебсайти GDACS, системаи глобалии огоҳкунӣ аз офатҳои табиӣ, рӯзи 2-юми феврал навишт, шиддати заминларза дар Афғонистону Тоҷикистон ба беш аз 5 дараҷаи Рихтер баробар буд.
Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст. Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, зилзилае, ки баъд аз соати панҷи бегоҳ дар кишвар рух дод, хисороте дар пай надоштааст.
Ба гуфтаи ӯ, маркази ин зилзила дар 276-километрии ҷануби Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, будааст. “Дар маркази зилзила шиддати он 4 дараҷа ва дар Душанбе 2-3 дараҷа буд”, - афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо корбар аз Тоҷикистону Афғонистон шиддати заминларзаро “хеле сахт” гуфтаанд.