Роҷер Стоун, мушовири пешини президент Трамп дар Флрида боздошт шуд
Роҷер Стоун, яке аз шарикони президен Трамп рӯзи 25 январ бо чанд иттиҳоми марбут ба таҳқиқоти Роберт Мюллер, дар заминаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи ИМА, дар Флорида боздошт шуд.
Боздошти Стоун дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 24 январ бар пояи қарори доварони аршад, ки дафтари прокурори махсус Мюллер нашр кард, аалайҳи ӯ аз рӯи ҳафт банд айб эълон шуд.
Ба гуфтаи дафтари Мюллер, Роҷер Стоун - шарики қадимӣ ва мушовири маъракаи интихоботии Доналд Трамдар, аз рӯи як банд ба эҷоди монеа ба бозҷӯии додгоҳӣ, аз рӯи панҷ банд ба додани шаҳодати бардурӯғ ва аз рӯи як банд ба дасткории шоҳид муттаҳам мешавад.
Иттиҳом алайҳи Стоун ҳамоҳангӣ бо Русия ва дахолати ҳукумати Русия дар умури интихоботи соли 2016-и ИМА -ро дар бар намегирад.
Аммо он дар бораи баҳсҳои Стоуно оиди емалҳои дуздидашудаи Ҳизби Демократ аз ҷониби Wikileaks чанд ҳафта пеш аз интихобот, ки дар он Трамп бар номзади демократҳо Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд, ҷузъиёт медиҳад.
Мюллер мегӯяд, ки он емаилҳо ба Ҷон Подеста, раҳбари маъракаи интихоботии Клинтон таалуқ дошт ва аз ҷониби афсарони истихбороти Русия рахна шуд.
Роҷер Стоун нимаи дуюми рӯзи 25 декабр дар ростои додгоҳи Флорида ҳозир мешавад.