Ҳалокати як сокини Бадахшон дар зери тарма
Як сокини ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Бадахшон дар зери тарма ҷон додааст. Мафтулбек ҳамроҳи падараш Ақризобек Музофирбеков машғули тоза кардани роҳи байни Ишкошиму Хоруғ аз барф буданд ва баъд аз зуҳри 17-уми январ дар зери тарма монданд.