Бонки Миллӣ: "Се корманди "Эсхата" зиндонӣ шуд"
Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта 3 корманди бонки "Эсхата" ба зиндон маҳкум шуда, 10 нафари дигар барои роҳ додан ба камбуд аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Ба қавли мақомоти Бонки Миллӣ, як корманди дигари "Эсхата" таҳти ҷустуҷӯст.