ИМА мехоҳад, ки хуруҷи нерӯҳо аз Сурия ба Курдҳо зарба назанад
Ҷон Болтон, мушовири амнияти милли президент Трамп, рӯзи 8 январ суолҳои марбут ба хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурияро бо мақомоти Туркия дар Анкара матраҳ кард. Рӯзи сешанбе Болтон бо Иброҳим Калин мушовири аршади президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидору гуфтугӯ дошт.
Сухангӯи Шурои амнияти миллии ИМА Гаретт Маркиз дар як изҳорот гуфт, ки тарафҳо мавзӯҳои минбаъдаи муколамаро муйаян карданд ва ИМА машваратҳои низомиро интизор аст, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад.
Ҳеҷ маълумот дар бораи мулоқоти Болтон бо вазири дифои Туркия Ҳулуси Акар дастрас нашудааст.
Болтон гуфт, Амрико мехоҳад мутмаин бошад, ки Туркия ба Курдҳои Сурия, - шарики ИМА дар ҷанги зидди гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ҳамла намекунад.
Ӯ гуфт, ки "шарт-и амалишавии барномаи Трамп барои хуруҷи нерӯҳо аз Сурия ҳамин аст.
Сафари Болтон баробар бо сафари Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба минтақа ҷараён мегирад. Трамп рӯзи 19 декабр ногаҳон эълон кард, ки нерӯи 2 ҳазор нафараи ИМА аз Сурия хориҷ мешавад. Қарори Трамп шарикони Амрикоро ҳайрон кард ва ба думбол ин раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис истеъфо дод.
Мақомоти Амрико ва дигарон аз ин нигаронанд, ки бо хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия вазъ ноором мешавад ва Туркия дастаҳои Курдро маҳв мекунад.