Магнитогорск. "Раҷабмоҳ, Аҳмаду Фотима ва Саймуҳсин зери хароба ҳастанд"
Бо гузашти тақрибан ду рӯз аз фурӯ рафтани қисме аз бинои чандтабақа дар шаҳри Магнитогорски Русия то ҳол тақдири се кӯдаки тоҷик норӯшан аст. Пайвандони онҳо аз амалиёти ҷустуҷӯ розӣ нестанд ва эҳтимоли фавти онҳоро тахмин мекунанд.