"Мехоҳам ба Рустами Эмомалӣ монанд бошам"
Бархе аз ҷавонҳои тоҷик мехоҳанд, ки дар зоҳир ба шаҳрдори Душанбе монанд бошанд. Масъулони сартарошхонаҳои пойтахт гуфтанд, дар як рӯз дастикам то чаҳор ҷавон аз онҳо мехоҳанд, ки мӯи сарашонро ба мисли мӯи сари Рустами Эмомалӣ ороиш диҳанд.