Маҳкум ба зиндон шудани се сарбози тоҷик
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе се сарбози як воҳиди низомии вазорати дифоъро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ ҳафтаи гузашта бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Ҷаҳонгир Ҳалимов, Ҳомидҷон Тоиров ва Суҳроб Паҳлавонов барои риоят накардани оинномаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва латукӯби ҳамхидматонашон ду солиро дар зиндони дорои низомаш пурзӯр сипарӣ мекунанд.
Ба гуфтаи додгоҳ, се сарбози қаторӣ рӯзи 15-уми декабри соли гузашта, “бо мақсади нишон додани бартарияти худ дар байни дигарон” ҳамхидматонашон Шаҳбоз Исмоилов ва Наврӯз Луқмонзодаро латукӯб мекунанд. Хулосаи ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки ҳарду ҷавон аз сару рӯй чашм ва дигар аъзои бадан захм бардоштаанд.
Се сарбозеро, ки дар латукӯб даст доштаанд, додгоҳ бо гуноҳи риоят накардани қоидаҳои ойинномавии байни сарбозон ва расонидани зарар ба саломатӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мегуяд, мурофиаи сарбозон моҳи марти имсол хотима ёфт ва ҳукми онҳо баъди расидан ба марҳилаи ниҳоӣ ва ҳукми иҷро гирифтан, ба нашр расид.
Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ зиёд ба назар мерасад ва даҳҳо нафар ҳар сол барои риоят накардани оинномаи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ё латукуби ҳамхидматонашон ҷазо ва ё танбеҳ мегиранд.