Боздошти Фаридун барои дуздии 36 хона дар се шаҳр
Замони боздошти ҷавонро нагуфтаанд, вале дар баёния омадааст, Фаридун Бекназаров аз ҷумла аз хонаи як сокини Душанбе лавозимоти сохтмониро бо арзиши 7 ҳазор сомонӣ дуздидааст.
Ба қавли вазорат, ӯ хонаҳоеро ғорат мекардааст, ки соҳибонаш набудаанд ва бо шикастани дару тиреза вориди онҳо мешудааст. Дар маҷмӯъ ба гуфтаи вазорат, “ин нафар дар содир намудани 36- дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 300-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.”
Ба зидди ин ҷавон бо иттиҳоми дуздӣ парванда боз кардаанд ва таҳқиқи амалкардҳои ӯ идома дорад.