Дар таркиши вилояти Тахор 44 нафар кушта ва захмӣ шуданд
Аҳмад Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, рӯзи 13-уми октябр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, таркиш нимирӯзи шанбе пеш аз суханронии Назифа Юсуфӣ Бег, номзад ба мақоми вакили порлумон, рух додааст. Ӯ афзуд, дар ин инфиҷор ба хонум Назифа осеб нарасидааст.
Аммо Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор, гуфт, бар асари таркиш 32 тани дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Таркиши рӯзи шанбе бар сари инфиҷори як мототсикли пур аз маводи тарканда рух додааст. Дар ин замина таҳқиқот идома дорад.
То ба ҳол масъулияти ҳамларо ягон гуруҳ бар дӯш нагирифтааст.
Интихоботи порлумонии Афғонистон рӯзи 20-уми октябр баргузор хоҳад шуд.