Чаҳор нафар дар Эрон баъди истеъмоли шароб даргузаштанд
Хабаргузории наздик ба ҳукумати Эрон - ИСНА рӯзи 13-уми сентябр аз қавли додситони Караҷ Ризо Шоҳкарамӣ гуфт, наздик ба 40 нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.
Додситон гуфтааст, ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр рух дод, таҳқиқ мешавад.
Аз замони инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, нӯшидани шароб дар Эрон мамнӯъ аст ва бо шаллоқу ҷаримаҳои ҳангуфт муҷозот мешавад.
Бо вуҷуди ин, бисёре аз эрониҳо шаробҳои хориҷӣ ва ё худсохтро, ки дар бозорҳои сиёҳ муҳайё аст, истеъмол мекунанд.
Дар гузашта низ якчанд ҳодисаи маргу мир дар пайи нӯшидани алкоҳол дар Эрон гузориш шуда буд.
Соли 2014 Эрон барои кумак ба муътодони алкоҳол маркази табобатӣ ифтитоҳ кард.