Як хатмкунанда Имтиҳони ягонаи Русияро ба додгоҳ кашид
Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд. Ирина Гребнева, вакили дифои Веселов гуфт, ки ин нахустин баҳс дар заминаи мтиҳони ягонаи давлатӣ аст.
Артем Веселов аз ин ниҳод 88 хол гирифт. Веселев мегӯяд, дар мавриди се супориш ба ӯ холи камтар додаанд. Омӯзгорони мактаб даъвои хатмкунандаро тасдиқ мекунанд.
Ба навиштаи расонаҳо, хатмкунанда нахуст натиҷаҳои имтиҳонро дар комисияи минтақавӣ ба чолиш кашид. Аъзои комисия даъвои хатмкунандаро қабул ва холҳои ӯро бештар карданд. Аммо шарҳи комисия хатмкунандаро қонеъ накард ва ӯ ба намояндагии минтақавии вазорати маориф муроҷиат кард. Дар намояндагии минтақавӣ ба Артем Веселов посух доданд, ки ба ӯ баҳои дуруст додаанд. Баъди ин хатмкунанда ба додгоҳ муроҷиат кард.