БҶ: "Ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст"
Петер Олтер, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки вуҷуди мушкили ҳалношуда сабаби ба кундӣ рушд кардани бахши хусусӣ шудааст. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба кундӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои андешида сатҳи камбизоатиро то 29.5 дарсат коҳиш додааст.
Дар ин нишаст гуфта шуд, ки боз шудани марзҳо миёни кишварҳои ҳамсоя, сабаби коҳишёбии таварум дар Тоҷикистон дар соли гузашта ва нимсолаи аввал шудааст. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки дар шароити феълӣ беш аз 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил кардани қарзи берунаи Тоҷикистон, барои кишвар хавф дорад. Зеро ба бовари онҳо, Тоҷикистон тавони пардохти ин қарзҳоро надорад.