Мухолифони исми нави Македония бо созиши Атену Скопе розӣ нестанд
Мунаққидони созиш, ки давоми чанд рӯзи охир даст ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ задаанд, мухолифи аз ҷониби парлумон қабул шудани ин санад ҳастанд. Ҳриштиан Мискоски, президенти яке аз ҳизбҳои пуртарафдори сиёсӣ (VMRO-DPMNE) гуфт, “ин як рӯзи сахт барои Македония” аст ва истиқболи мақомот аз созиш бо Юнонро “як пирӯзии дурӯғин” номид.
Мискоски созиш бо Юнонро “таслим шудани нахуствазир Зоран Заев ба Юнон” унвон кард. Ҳизби Мискоски дар интихоботи ахир аз ҷониби ҳизби Заев мағлуб шудааст. Президенти Македония Гйорге Иванов ҳам аз созиши ҳосилшуда изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки исми байналмилалии Македония набояд тағйир ёбад. Иванов гуфт, ки дар ин масъала мувофиқати доираи васеи ҷомеа лозим аст.