Қатъи муолиҷаи сарбозони афғон дар Тоҷикистон
Як мақоми низомии тоҷик мегӯяд, ки табобати сарбозону афсарони бемор ва ё захмии афғон дар кишвар манъ шудааст. Қаблан афсарону сарбозони афғонро, ки дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бемор ва ё захмӣ мешуданд, барои табобат ба беморхонаҳои наздимарзии Тоҷикистон меоварданд.