Порлумони Фаронса қонуни зиддунақизи муҳоҷиратро тасвиб кард
Палатаи поёнии порлумони Фаронса қонуни муҳоҷиратро тасвиб кард, ки ҷапгароён онро ҳамчун қонуни бисёр шадид ва ростҳо ҳамчун бисёр нарм танқид карданд.
Ассамблеяи Миллии Фаронса рӯзи 22 апрел ин қонунро бо 228 райъ дар муқобили 139 мухолиф, баъди 61 соати баҳс қабул кард.
Ин тарҳ аз тарафи ҳизби президенти Эммануэл Макрон пуштибонии густарда ёфт.
Санад моҳи июн дар палатаи болоии порлумон -Сенати Фаронса баррасӣ мешавад.
Вазири умури дохилии Фаронса Ҷерард Колламб гуфт, ин иқдом ба хотири "назорати беҳтари муҳоҷират" пиёда мешавад.
Қонуни нав муҳлати баррасии аризаи паноҳандагонро 6 моҳ ва депататсияи "муҳоҷирони иқтисодӣ"-ро осонтар кард.
Бар пояи ин қонун, онҳое, ки ҳақи паноҳандагӣ доранд, аз кӯмаки ҳамоиш бо ҷомеа, дастрасӣ ва кор ва забономӯзӣ бархурдор хоҳанд шуд.
Фаронса соли гузашта теъдоди рекордӣ- 100 000 паноҳанда қабул кард.