Рустами Эмомалӣ: Душанбе шаҳри пешрафтаи дунё шавад
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми апрел бо гурӯҳе аз намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот кардааст.
Дар ин мулоқот бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар бораи фаъолияти шаҳрдорӣ сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки Душанбе бояд ба “яке аз шаҳрҳои пешрафтаи дунё табдил дода шавад.”
Ба қавли Рустами Эмомалӣ, “ Дар давоми солҳои охир пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе тавассути фаъолияти дастҷамъона ва аҳлона ба дастовардҳои беназир дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил шуда, рушду пешрафти босуръату босифати он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин мегардад.”
Баъди мулоқот Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгори сол, кӯдакистони сол, волидайни беҳтарини сол мукофот супурдааст.
Рустами Эмомалӣ, фарзанди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2016 баъди собиқаи чандинсолаи раҳбарӣ дар Оҷонсии мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук, ба курсии шаҳрдори Душанбе таъйин гардид.