Парламенти Русия таҳримҳои ҷавобии зидди Амрикоро баррасӣ мекунад
Раиси Думаи давлатӣ Иван Мелников рӯзи 13 апрел гуфт, ки таҳрим коҳиши равобити иқтисодӣ бо Амрикоро низ дар назар хоҳад дошт.
Пешнависи қонун ҳафтаи оянда дар палатаи поёнии порлумон баррасӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки намояндагони мардуми пешнависро дар шакли феълӣ ба овоз мегузоранд ва оё Кремлин аз ин чораҳо пуштибонӣ мекунад ё не.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки Кремлин гоҳ-гоҳ барои пайғом додан ба қудратҳои хориҷӣ аз полумон истифода мекунад. Аммо на ҳамеша ин пайғомҳо амалӣ мешаванд.
Кремлин мегӯяд, ки бо пешнависи қонун дар бораи таҳримҳо ошно нашудааст, аммо хоҳиши намояндагони мардумиро барои посух додан ба ИМА дарк мекунад.
Пешнависи қонун ҷорӣ кардани таҳрим ба маҳсулоти текноложии сохти ИМА, аз ҷумла нармафзорҳо, молҳои кишоварзӣ, тамоку ва алкоҳолро дар назар дорад. Ҳамчунин манъи ҳамкории Русияву Амрико дар заминаи нерӯи ҳастаӣ, муҳаррики мушакҳо ва ҳавопаймозосиро низ матраҳ аст.
Рӯзи 6 апрел Ийолоти Муттаҳидаи Амрико 14 ширкат ва 24 шаҳрванди Русия- соҳибкорон ва мақомдоронро таҳрим кард. Маҳдудиятҳо дар заминаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ҷорӣ шуданд. Таҳримҳои Амрико бозори бурси Русияро шадидан такон дод. Коҳиши фурӯши саҳҳом танҳо дар як рӯз 1 триллиону 700 миллион руб хисорот ба бор овард.