Истифодаи силоҳ бар зидди афроди мулкӣ дар марз манъ шуд
Уларбек Шаршиев, раиси хадамоти марзбонии Қирғизистон ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Узбекистон Руслан Мирзоев ҳодисаеро, ки рӯзи 7 апрел дар марзи ду кишвар рух дод, баррасӣ карданд. Дар он ҳодиса як шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд.
Ҳайатҳои марзбонии ду кишвар ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони мақомоти қудратӣ аз ҷои ҳодиса дидан карданд. Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гуруҳи кории муштарак таъсис ёфт.