Президенти Туркманистон се муовини сарвазирро барканор кард
Максат Бобоев ва Байрам Аннамередов - ду муовини сарвазир, ки соҳаҳои нафту газ ва нақлиётро роҳбарӣ мекарданд, бо баҳонаи ба кори дигар гузаштан аз мақом барканор шуданд.
Оразмират Қурбонназаров - муовини севуми сарвазир, ки соҳаи тиҷоратро роҳбарӣ дошт, раиси Палатаи савдо ва саноат таъйин шуд.
Матбуоти расмии Туркманистон хабар медиҳад, ки Бердимуҳаммадов рӯзи 6 апрел аз фаъолияти мансабдорон изҳори ноқаноатмандӣ ва онҳоро "дар иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон ва роҳ додан ба камбудиҳо" айбдор кард.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи рӯзи 11 апрел ҳукуматдорон аз "дастовардҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳо"-и иқтисодӣ гузориш доданд.