Нигаронии Амрико аз идомаи боздошти Хайрулло Мирсаидов
"Боздошти ӯ фишори афзоянда ба озодии расонаҳоро дар Тоҷикистон нишон медиҳад. Далеле ки чанд журналистро ба тарки кишвар маҷбур кард ва ба қатъи фаъолияти чанд расонаи мустақил сабаб гардид”, - гуфтааст Сайдерс.
Амрико гуфтааст, Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА бояд масъулиятҳои байналмилалии худро дар мавриди таъмини озодии баён риоя кунад.
Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шудааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ин муҳлат имкон хоҳад дод, парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.
Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.
Ҳоло ӯ бар асоси 4 моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст. Созмонҳои ҳомии хабарнигорон боздошти ӯро дорои ангезаи сиёсӣ дониста борҳо ба раҳоии ӯ даъват кардаанд.