2 соли зиндон барои барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон дар Қирғизистон
Додгоҳе дар Қирғизистон як ҷуфти ҳамсаронро ба зиндон маҳкум кард ва гуфт, волидон нагузоштанд, ки фарзандонашон дар мактаб таҳсил кунанд. Додгоҳи ноҳияи Иссиқкӯл дар шимоли Қирғизистон рӯзи 5 апрел гуфт, ки ҷуфти ҳамсарон дар он гунаҳгор мешаванд, ки масъулияти худро ба ҳайси падару модар дуруст иҷро накарданд ва кӯдаконро ба мактаб надоданд.
Бо ҳукми додгоҳ аз рӯзи 2 апрел онҳо ба ду соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ду нафар узви созмони мамнӯи исломии “Яқин Инкор” мебошанд. Исми ин ҳамсарон нашр намешавад.
Мардро аз толори додгоҳ ба зиндон бурданд ва гуфтанд, ки ҳукми ҳамсараш баъди 14-сола шудани фарзанди хурдиаш ба иҷро медарояд.
“Яқин Инкор” дар Ҳинд таъсис шудааст. Мақомот дар Қирғизистон, як кишвари ғолибан мусалмоннишин, ки аз афзоиши ақидаҳои ифротӣ ҳарос дорад, бо айни ҳамин иттиҳом июни соли 2017 ин созмонро мамнӯъ эълон карданд.
Аъзои ин созмон мегӯянд, ки бояд ба шеваи зиндагии замони Муҳаммад дар қарни 7-ум зист, аз истифодаи фанновариҳо ва ҳар чизи замонавиву нав, кӯмаки тиббиву хадамоти иҷтимоӣ ва таҳсил дар мактаби дунявӣ парҳез кард. Сайру саёҳат ва истеъмоли ғизо ҳам бояд шадидан назорат шавад ва либос ҳам бояд хеле хоксорона ва аз матои сафед бошад.
Соли 2016, пеш аз он ки ин гурӯҳ мамӯъ шавад, мақомоти Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки ин созмон ғайриқонунӣ амал ва ақидаҳои худро дар миёни мардум паҳн мекунад.