Як муштарии "Тоҷиксодиротбонк": Дағаланд, гӯё пулҳои худро медиҳанд. ВИДЕО
Муштариҳои "Тоҷиксодиротбонк" мегӯянд, ки маблағҳои худро аз ин бонк гирифта наметавонанд. Ин бонк мебояд рӯзе барои муштариён аз банкоматҳои худ то 200 сомонӣ пули нақд бидиҳад. Сокинон мегӯянд, ки ҳамин маблағи ночизро ҳам рӯзҳои охир наметавонанд бигиранд.