Раҳбари Пентагон бо сафари элоннашуда вориди Кобул шуд
Мэттис қабл аз фурӯдоии ҳавопаймо дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аломатҳои таваҷҷӯҳи Толибонро ба гуфтушунид мушоҳида мекунад.
Қарор аст дар ин сафар Мэттис бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва низомиёни ИМА, бо шумули генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон мулоқот кунад.
Рӯзи 28 феврал Ашраф Ғанӣ ба Толибон таъсиси ҳизби сиёсиро пешниҳод кард ва гуфт, ки барои берун овардани ин гурӯҳ аз зери таҳримҳои кор хоҳад кард, агар Толбибон ба музокирот розӣ шаванд.
Мэттис ҳамчунин гуфт, ки ҷангиён бояд ҳукумати Кобул ва волоияти қонунро эътироф кунанд. Толибон то ҳол гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати ғарбгаро ва ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и Афғонистонро рад мекардаанд. Ин гурӯҳи мусаллаҳ пофишорӣ дошт, ки танҳо бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико музокирот мекунад. Толибон ҳамчунин шарти дигар доранд, ки нерӯҳои НАТО бояд қабл аз оғози гуфтушунид Афғонистонро тарк кунанд.