Қирғизистон барои бозгардони шаҳрвандонаш аз Ироқ дархост дод
Сафорати Қирғизистон дар Кувайт нотаи дипломатиро ба консули сафорати Ироқ дар Кувайт таслим кард ва аз онҳо хост, ки дар дарёфти иттилои комил дар бораи шаҳрвандони ин кишвар дар зиндонҳои Бағдод маълумот бидиҳанд. Аз рӯи иттилои пешакӣ, се шаҳрванди Қирғизистон ҳамроҳ бо 10 тифли ноболиғашон дар муассисаҳои нигаҳдошти муваққатии пойтахти Ироқ ба сар мебаранд. Дар ин бора рӯзи 10 март бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод. Сафорати Қирғизистон инчунин6 хостааст, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи ин шаҳрвандон кӯмаки зарурӣ анҷом дода шавад ва ин шаҳрвандон бо адвокат таъмин шаванд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, ки мунтазири иттилои расмӣ дар бораи шаҳрвандонаш дар Ироқ мебошад.
Ба эҳтимоли ғолиб, ин шаҳрвандон аъзои оилаи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, ки баъди маҳдуд шудани макони будубоши онҳо дар Сурияву Ироқ аз маконҳои ҷанг фирор кардаанд. Дар миёни онҳое, ки дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, занону кӯдакони диишиҳо мебошанд, ки баъди кушта ё зиндонӣ шудани мардҳо ба дасти ҳукумати Ироқ таслим шудаанд.
Тахмин меравад, ки дар миёни зиндониҳои аъзои оилаи дииишиҳо занону кӯдакони тоҷик ҳам ҳастанд. Мақомот дар Тоҷикистон ваъда додаанд, ки тифли 8-солаи тоҷик Марямро, ки дар як ятимхонаи Бағдод мебошад, ба наздик бобояш бармегардонанд. Ин духтарак мегӯяд, ки волидон ва чор додару хоҳараш дар ҷангҳо кушта шудаанд.