Сафари бевизаи 30-рӯза, кӯмак дар бунёди "Роғун" ва мувофиқаҳои дигари Душанбе ва Тошканд
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Узбакистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд.