Натиҷаҳои аввали музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Узбакистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд.