Раиси ҷумҳури Узбакистон вориди Тоҷикистон шуд
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев субҳи 9-уми март бо сафари давлатӣ вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси ҷумҳури Узбакистонро Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари тоҷик пешвоз гирифтанд.