Русия аз бомбаборони пурқурбонӣ дар Сурия пуштибонӣ кард
Рӯзи 20 феврал дар пасманзари нороҳатӣ ва нигаронии шадиди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои Ғарбӣ аз ҳамлаи ахир, ки даҳҳо кӯдакро қурбон кард, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла тавҷеҳ дорад. "Ҳеҷ монеа наметавонад ҷанг бо террооризмро маҳдуд кунад",- гуфт Лавров дар Маскав.
Созмони Милали Муттаҳид, Ийолоти Муттаҳида, кишварҳои Аврупо ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳамлаи густардаи нерӯҳои ҳавоии Русияву Сурия ва хисороти зиёди ҷонии аҳолии мулкӣ дар ду шабонарӯзи гузаштаро маҳкум карданд.