Бишкек мехоҳад рекорди Остонаро бо як тонна бешбармоқ бишканад
Ба гуфтаи Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. "Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад", - гуфт Кулуева.
Ӯ афзуд, барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Таҳияи ғизо ду рӯзро дар бар мегирад.
Соли 2015 Остона бо таҳияи 736,5 кило бешбармак рекорд гузошта буд. Ҳамакнун Бишкек мехоҳад, ки он рекордро бишканад.