Хонандае дар Бурятия бо котейли "Молотов" ба мактаб ҳамла кард
Субҳи 19 январ як наврас бо табар ва коктейли "Молотов" ба мактаби №5 -и шаҳри Улан-Удэ ҳамла кард. Дар ин бора пулиси маҳаллӣ ба сомонаи "Сибир.Реалии" иттилоъ дод.
Ин хонандаи синфи 9-ум маводи оташангезро ба синфхонае дар ошёнаи севум ҳаво дод ва чанд хонандаро захмӣ кард. Дар натиҷа беш аз 500 донишомӯз аз бинои мактаб, ки оташ мегирифт, ба ҷои бехавф интиқол ёфтанд.
Табибон мегӯянд, дар пайи ин ҳамла чаҳор одам осеб дид. Биноба маълумоти Кумитаи тафтишоти маҳаллӣ, навраси ҳамлагарро боздошт ва дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасди куштори ду нафар ва ё бештар аз он" парванда боз кардаанд.
15 январи соли равон низ ду наврас дар мактаби №127-и шаҳри Перм ба хонандагони синфи 4-ум ва омӯзгоре ҳамла кард. Дар натиҷа 15 одам захмӣ шуда, 8 тани онҳо дар ҳоло дар беморхона қарор доранд. Худи омӯзгор низ баъди ҷарроҳӣ ба худ омад. Ҳамлагарон бо қарори додгоҳ ду моҳ ҳабс шуда, тафтишот идома дорад.