Ҷоиза ба 2 ҷавоне, ки як духтарро аз худкушӣ наҷот доданд
Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба ду ҷавоне, ки як духтарро аз худкушӣ наҷот доданд, ҷоиза тақдим кардааст. Генерал Шариф Назарзода гуфтааст, мақомот мехоҳанд пеши роҳи худкушӣ дар шаҳри Душанбе гирифта шавад. Сомонаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе менависад, Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо сипоснома ва соатӣ дастӣ қадрдонӣ шуданд. Ба қавли манбаъ, ин ҷавонон рӯзи 16-уми январ замоне, ки дар ҷои ҳодиса ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, ҷавонзане худро аз болои пул ба дарёи Душанбе сарозер мекунад.
“Дар ин лаҳза шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо нишон додани ҷасорати мардонагӣ ва қарзи инсонӣ ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда, вориди дарёи Душанбе шуда, ҷавонзани бо марг дасту гиребондоштаро аз дохили об берун меоранд”,-афзуд манбаъ.
Масъулини РКД Душанбе мегӯянд, тӯҳфаҳо ба ин ҷавононро худи Шариф Назарзода, сардори ин идора супурдааст. Генерал Назарзода гуфтааст, ниҳоди зертобеаш бо таҳия ва амалинамоии барнома ва чорабиниҳои профилактикии махсус мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шуда, барномаи тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ гардад.
Ҳодисаи қасд ба ҷони худ кардани як ҷавондухтар дар шаҳри Душанбе нимарӯзи 16-уми январ рух дод ва ҳоло аз ин нафар М.Н. ном бурда мешавад ва зери назари табибон қарор дорад.