Ба ҷои бурқа чакану атлас? Фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон. ВИДЕО
Дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикиро Аёмиддин Мирҳиҷриён, як тоҷири афғонистонӣ ду моҳи пеш таъсис дод. Харидорони аслии дӯкони Аёмиддин арӯсон ва заноне ҳастанд, ки дар ҷашни арусӣ ширкат мекунанд.