Мулоқоти Макмастер бо вазири хориҷии Узбакистон дар Вашингтон
Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов бо мақомоти баландпояии ИМА, бо шумули мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер дар Вашингтон мулоқот кард. Ин хабарро Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон рӯзи 18 январ пахш кард.
Ба гуфтаи вазорат Комилов ва ёвари Котиби давтлатии Амрико дар умури сиёсат Томас Шеннон як рӯз пеш аз ин " густариши муколамаи Узбакистон ва ИМА дар дар бахши сиёсат, тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг ва бахшҳои дигарро баррасӣ карданд.
Комилов ҳамчунин бо мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҳерберт Макмастер мулоқт кард. Дар ин мулоқт мавзӯи "равобити дуҷониба, масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ, бо шумули вазъи Афғонистон ва талошҳои муштарак барои муқовимат бо таҳдидҳо" матраҳ шуд.
Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев зоҳиран аз равобити гарм бо давлатҳои дигар, бо шумули ҳамсояҳо ва Ийолоти Муттаҳида пуштибонӣ мекунад. Мирзиёев баъди марги президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов ба мақом расид ва дар муддати кӯтоҳ аз оғози дигаргуниҳо дар кишвараш аломат дод.