Қатли 18 марзшикан ва боздошти 152 тан зимни фирор аз Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марзи кишвар 18 қочоқбарро куштаанд ва 20 нафари дигарро дастгир кардаанд. Зимни натиҷагирӣ аз кори марзбонони тоҷик дар соли 2017 дар як ҷаласае дар ҳафтаи гузашта, мақомоти расмӣ гуфтанд, ки дар ин сол дар марз бо Афғонистон 31 маротиба задӯхурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.