Бештар аз 250 қонуншиканӣ аз як ронандаи тоҷик
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон номи 17 нафарро, ки ҳангоми ронандагӣ дар шаҳри Душанбе ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, нашр карда ва гуфтааст, ки онҳо бояд барои ин амалкардҳояшон ҷарима супоранд.
Дар ҷадвале, ки вазорат дар вебсайти худ нашр кардааст, номи 17 нафар зикр шудааст, ки камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” ҳадди аққал 20 маротиба қонуншиканиҳои онҳоро сабт кардаанд.
Дар садри ҷадвал номи Маҳмарафӣ Маҳмадов, номи як сокини шаҳри Душанбе зикр шудааст, ки ба гуфтаи вазорат 254 далели қонуншиканиаш сабт шудааст.
Муродилло Саҳибов, сокини шаҳри Панҷакент 103 дафъа зимни ҳаракат ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Афроди дигаре ҳастанд, ки бештар аз 70 дафъа дар камераҳои назоратӣ сабт шудаанд ва акнун маҷбуранд, ҷаримаҳои бузург бипардозанд.
Вазорати умури дохилӣ қаблан исми овозхонҳои маъруфро, ки зимни ронандагӣ ба қонуншиканӣ роҳ медоданд, нашр мекард, вале як соли ахир дигар чунин чизеро нашр накардааст.