Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ боз шуд
Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки бар асари резиши беш аз ҳадди зиёди сангреза дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) масдуд шуда буд, барои рафтуомади нақлиёт боз шудааст.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи гузашта роҳ қисман ва имрӯз пурра ба истифода дода шуд. Тайи се рӯзи ахир бар асари резиши санг ҳаракати мошинҳо дар ин масир масдуд шуда буд.
Асомуддин Шокиров, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар умури сохтмон рӯзи сешанбеи 11-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҳамаи навъҳои мошинҳо аз ин қитъаи роҳ ҳаракат мекунанд. Вай афзуд, ҳоло ҳам резиши сангреза мушоҳида мешавад ва ба ин хотир, дар ин қитъа ҳаракати мошинҳо зери назорат аст.
Ба гуфтаи вай, дар инҷо гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи фавқулодда ва масъулони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ ҳузур доранд. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ гуфтанд, ки то замони бартараф шудани хатари резиши санг, вазъро назорат мекунанд.
Шомгоҳи 8-уми январ бар асари резиши санг дар ин маҳал, як сокини ноҳияи Рӯшон ҷон бохта, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ин роҳ дар фасли сармо ягона масирест, ки пойтахтро ба вилояти Бадахшон мепайвандад. Молу коло аз Чин низ аксаран аз тариқи ҳамин роҳ ба Тоҷикистон ворид мешавад.