Байден: қарори ҳамла ба Украинаро худи Путин қабул мекунад
Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, хатари ин вуҷуд дорад, ки бӯҳрони Украина аз назорат хориҷ шавад. Байден рӯзи чоршанбе дар Вашингтон гуфт, агар Маскав талош кунад, ки ба Украина ҳамла кунад, бонкҳои Русия аз ҳақи анҷоми амалиёти пулӣ бо доллар маҳрум мешаванд.