Дар Кобул барои мубориза бо "террористону дуздон" дурбин мегузоранд
Амрулло Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ҳукумат қасд дорад, дар саросари Кобул камераҳои пешрафтае насб кунад, то аз ин роҳ бо “террористону дуздон” беҳтар мубориза баранд. Тарҳи насби камераҳо бештар аз 100 миллион доллар аст ва онро дафтари НАТО дар Афғонистон мепардозад. Амрулло Солеҳ дар ин бора рӯзи 6-уми январ дар Фейсбук хабар дод ва гуфт, ки дастгоҳҳои нав кори камераҳоеро, ки соли 2008 дар пойтахти Афғонистон насб шуданд, фавқуллода беҳтар мекунад. Дафтари НАТО дар Афғонистон ҳоло ин хабарро шарҳ надодаанд. Читать дальше...