Додситонҳои ИМА барои шаҳрванди Узбекистон ҳукми қатл хостанд
Додситонҳои амрикоӣ аз додгоҳи ИМА барои шаҳрванди 30-солаи Узбекистон Сайфулло Соиповро, ки ба куштори ҳашт нафар дар маркази шаҳри Ню-Йорк айбдор мешавад, ҳукми эъдом талаб карданд Ин дархост дар парвандаи Соипов зикр гаштааст, ки 28 сентябр ба додгоҳ фиристода шуд. Шаҳрванди Узбекистон ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2017 мошини боркаши худро дар маркази Ню-Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафари онҳоро кушт. Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз ҳодиса хост, ба Соипов ҳукми қатл диҳанд. Читать дальше...