Дар Покистон аз гармо 65 нафар ҷон бохтанд
Бар асари гармои шадид дар се рӯзи гузашта 65 нафар дар Покистони ҷони худро аз даст додаанд. Edhi Foundation -- як созмони кӯмакрасон дар Покистон рӯзи 22 май гуфт, ки ин афрод бар асари гармӣ дар шаҳри бандарии Карочӣ ҷон бохтаанд. Гармии ҳаво бо лимити барқ дар моҳи Рамазон ҳамроҳ будааст. Edhi Foundation мегӯяд, аксари ин афрод дар минтақаҳои фақирнишини Карочӣ ҷон бохтаанд.
Карочӣ яке аз шаҳрҳои бузургтарини Покистон ба шумор меравад ва дар он ҳудуди 15 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Идораи ҳавошиносии Покистон гармии ҳаво дар рӯзи 21-уми майро 44 дараҷа эълон кардааст.