ДИИШ охирин минтақаи таҳти назораташро дар Сурия аз даст дод
Оҷонси хабарии САНА рӯзи 21-ми апрел навишт, бар асоси як тавофуқ, ҷангҷӯёни ДИИШ урдугоҳи муҳоҷирони фаластинӣ дар минтақаи Ҳаҷаруласвад дар Ярмукро тарк карда, ба шарқи Сурия интиқол хоҳанд ёфт.
Ин тавофуқ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳукумати Сурия талош дорад, бори аввал аз соли 2011 назорати комили пойтахт – Димишқ ва атрофи онро дубора ба даст биоварад.