Ҳалокати 5 ғайринизомӣ дар ҳамлаи Кобул
Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки се ҳамлаварро куштанд ва 150 нафар аз ҷумла 40 хориҷиро озод карданд. Яке аз қурбониёни ҳамла хориҷӣ будааст. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
Дар ин ҳодиса 6 ғайринизомӣ ва се маъмури пулис захм бардоштаанд. Баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014, Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ бомбгузориву ҳамла дар ин кишварро зиёдтар карданд.
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико моҳи август гуфт, ки барои тамрину кӯмак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ба ин кишвар 3 ҳазор сарбози изофӣ мефиристад. Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Афғонистон 14 ҳазор сарбоз дорад.